МУЛОҚОТ: “ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНДИ ВАТАН АБАДИСТ”
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 81 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо иштироки донишҷӯёни курси дуюм мулоқот дар мавзӯи “Хотираи фарзандони барӯманди Ватан абадист” баргузор гардид.
Ин иқдом аз ҷониби омӯзгори калони устодони кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Абдуллохоҷа Темирхоҷаев ва кормандони китобхона сурат гирифта, дар он номзади илмҳои таърих, дорандаи Ордени сурх, ҷанговари интернатсионалист Шавкат Шарипов, муовини директор оид ба таълим Мазбут Холиқзода, декани кафедраи сохтмон ва нақлиёт Зӯҳро Умарова ширкат варзиданд.
Чорабиниро омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, Абдуллохоҷа Темирхоҷаев ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки Рӯзи Ғалаба дар радифи санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеаи мудҳиштарини асри XX маҳсуб ёфта, дар ин ҷанг дар баробари дигар халқу миллатҳо ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд.
Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих, дорандаи Ордени сурх, ҷанговари интернатсионалист зимни баромад аз оқибатҳои ҳузновари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба гирдоби ҷанг 72 давлат ғӯтавар гардид, 110 миллион ҷанговар дар он ширкат варзиданд. Мутассифона, беш аз 65 миллион нафар дар ин ҷанг қурбон шуданд. Аз мамлакати паҳновари шӯравӣ бошад, беш аз 27 миллон аҳолӣ фавтидаанд. Аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар дар ҷанг ширкат варзида, 65 ҳазор нафар ба унвонҳои баланд соҳиб гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар толорҳои китобхонаи донишкада бахшида ба таҷлили 81- умин солгарди Рӯзи Ғалаба намоиши китобӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд” ташкил карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО